Гурӯҳҳои фитнаангез ба ҳар роҳу восита мехоҳанд миллати моро доғдор сохта, фарзандонро шомил ба гурӯҳҳои худ гардонанд

Ховалинг: Вокуниш  

Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ин ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Ин амалҳои террористиву экстремистӣ дар охири асри ХХ ва ибтидои асри 21 инсониятро ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ сохтаанд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Яъне экстремизм ва терроризм инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳӣ намудаанд ва решаҳои хеле чуқур доранд. Хусусан, дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсондану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро амалӣ созанд ва дар ин замина, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Дар ибтидои садаи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ ба худ касб намуданд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Вақте, ки техникаву технологияи нав инкишоф ёфиа, тараққи кард шаклу намудҳои нави терроризм ва ифротгароӣ, бахусус бо истифода аз номи дин ва истилоҳи нави “ифротгароии динӣ” ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон метавонанд ба амалиёти калони ҷангӣ баробар бошанд.

Пешвои миллатамон низ вобаста ба амалҳои террористиву экстремистӣ иброз доштанд, ки: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд”.

Ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷањони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси ватандӯстро лозим аст, ки дар баробари ниҳодҳои қудратӣ ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задан ба амалҳои террористӣ талоши ҷиддӣ дошта бошад. Зеро мо аз дигар мардумони кишварҳои пасошӯравӣ дида хатару зарари ин ваборо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар пӯсти худ эҳсос кардаем. Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониашон тарбияи дурусти фарзандонро талқи намуда, таъкид бар он месозанд, ки вобаста ба фаъолияти гуруҳҳои террористу экстремист, хоинону бадандешони миллат бетараф набуда, кӯиш намоем, ки фарзандони моро фирефтаи шиорҳои дуруғини худ насозанд. Ҳатто таъкид бар он месозанд, ки аз ҳар як амалу рафтори фарзанди худ, ҳатто аз тамоси телефонии ӯ бюохабар бошем, зеро гурӯҳҳои фитнаангез ба ҳар роҳу восита мехоҳанд миллати моро доғдор сохта, фарзандонро шомил ба гурӯҳҳои худ гардонанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тарғиби фарҳанги бегона, хиёнаткориву бадгӯӣ нисбат ба сарзамини пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем. Нангу номуси ватандориро ҳифз кунем, мардумро ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона ҳидоят намоем.

Фарҳод Давлатов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.