Синфхонаҳои МТМУ №5 таъмир мегарданд.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Коллективи омӯзгорон ва кормандони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифхони Мирзо» тасмим гирифта, баҳри таъмири синфхонаҳои муассиса камари ҳиммат бастанд.

Онҳо алҳол тирезаҳои синфхонаҳоро, ки солиёни зиёд аст мавриди истифода қарор дода шуда, куҳнаву фарсуда гардидаанд иваз намуда, ба ҷойи онҳо тирезаи пластикӣ шинонанд.

Ин ташшаббуси омӯзгорон, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб руҳбаландии хонандагонро зиёд намуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ дар синфхонаҳои таъмиршуда, кушиш ба харҷ медиҳанд.