Шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар назди бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз ташаббус нишон додани кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ин ободу зебо намудани атрофи бинои Кумитаи иҷроия мебошад.

Онҳо дар қатори шанбегиҳо ва тозагии атроф ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои ороишӣ машғул гардида, ба ин васила, ба ҳусни коргоҳ зебогии дигар зам менамоянд.

Дар ин рӯзи накӯ ва офтобии фасли баҳор ин коллективи меҳнатдӯст ба шинонидани навъи дарахтони ҳамешасабзи арча машғуланд, ки ҳам бо руҳу илҳоми болида заҳмат кашида истодаанд.