Дарахтшинонӣ манфиати бештар дорад.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳои гуногун дар мавсими баҳор амали ҳамешагии мардуми ноҳияи Ховалинг аст.

Натиҷа ҳамин аст, ки дар қатори дигар хоҷагидорону боғкорон коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо-аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ин кор шуғл дошта, дар заминҳои ҳудуди коргоҳу корхонаҳо навъҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳандаро мешинонанд.

Мақсади кормандон ин ҳифзу нигоҳдории муҳити зист, зебо намудани табиати диёр ва ба ин васила тоза намудани ҳавои атмосферӣ мебошад. Ҳамчунин аз самари меваҳои шинонидашуда дар оянда манфиати хуб ба даст меоранд.