Китоб беҳтарин дӯсти инсон аст

Ховалинг: Андеша  

Китоб сарчашмаи донишу маърифат, воситаи асосии соҳибхирад гардидани инсон аст. Барои инсони соҳибхирад беҳтарин дӯст китоб аст. Суҳбати накутарин ва пурмазмун, ҳамчунин хушгуворотарин вақт ба инсон мутолиаи китоб аст. Вақте, ки инсон соатҳои холигии худро ба мутолиаи китобҳои бадеию баландмазмун сарф менамояд, худро дар олами афсонавии ҳикояи хондашуда тасаввур намуда, қобилияту малакаи зеҳнии худро боло бардошта, ақлу хирад ва маънавиёту фарҳанги худро ғанӣ мегардонад. китоб суханронии инсонро ғанӣ мегардонад, фонди луғавии инсонро бой гардонида, маърифати сухангӯии ӯро боло мебардорад.

Китобро сарчашмаи дониш ва баландбардорандаи маърифати инсонӣ мегӯянд, ки ин дар ин сухан хатое нест.

 Солҳои охир таваҷҷуҳ нисбат ба ин ганҷинаи маърифат рӯ ба пешравӣ аст. Таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фуруғи маърифат», «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва ғайраҳо, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллатамон низ ба ин самт таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда истодааст ва ин таваҷҷуҳашон  аз манфиат орӣ нест. Сол аз сол сафи дӯстдорони китоб ва ба китобхонӣ ҷалб гардидани ҳама табақаҳои аҳолӣ афзуда истодааст. Таъсиси туҳфаҳои молию пулӣ низ заминаи бузургест барои ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ. Имрӯз  аксарияти мардум рӯ ба китобхонӣ оварда, толорҳои хониши китобхонаҳо низ серодам аст, ки боиси хушнудиву фараҳмандист.

  Бояд кушиш намоем, ки аз ин ҳам зиёд, аз ҳар табақаи ҷомеа, калонсолон, наврасон, кормандони касбу кори гуногун, бештари ҷавонон ишштирокчӣ ва ғолиби озмун бошанд. Барои ин пайваста бояд рӯ ба китобу китобхонӣ овардан зарур аст. Ҷавонону наврасонро  зарур аст, ки мутолиаи китобҳои бадеиро амали ҳаррӯза ва бисёрвақтаи худ қарор диҳанд. Мунтазам роҳ пеш гиранд сӯи китобхонаҳо ва аз ашъори адибони тоҷик ва хориҷи кишвар бохабар гардида, фонди луғавии худро бой гардонанд ва рафтори суханронии худро низ пурмаъно созанд.

Даъват ба амал меорем, ки дар ҳама ташкилоту муассисаҳо, коргоҳу корхонаҳо, хусусан муассисаҳои таълимӣ рӯзҳои мутолиаи китоби бадеӣ ташкил намуда, ҷавононро ба китобхонӣ талқин намоянд.

Ҷаъмахон Файзов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.