Сангфаршкунӣ дар маҳаллаи Тутак

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саршавӣ аз оғози фасли зебои сол, баҳори некқудум сокинони ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла аъзоёни ташкилотҳои ҳизбиро водор сохт, то ташаббусу бунёдкориро пешаи худ қарор диҳанд.

Имрӯз сокинони маҳаллаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг –аъзоёни ҲХДТ  тасмим гирифта, роҳи маҳаллаи худро сангфарш намуданд.

Дар ин амали хайр ҳама бошандагони кӯча ширкат намуда, сангрезаҳоро тариқи дастӣ дар ҷойҳои чуқури роҳ ҳамвор намуданд, ки сокинон ва меҳмонон минбаъд дар равуои кӯчаи мазкур ба мушкилиҳо дучор намегарданд.