АҲЛИ ДЕҲАИ ҶОНБАХТ БА ДАРАХТИШОНӢ МАШҒӮЛ ГАРДИДАНД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" сокинони деҳаи Ҷонбахти Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт сармашқи кори худ намуда, пайи обод намудани як гӯшаи нообод камари ҳиммат бастанд.

Онҳо аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вохӯриҳои гуруҳи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, хусусан дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияии Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амурдин илҳом гирифта, пайи бунёд намудани боғ ва шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану мевадиҳанда мебошанд.

Ин коллективи ҳамдеҳагон ҳар як рӯзи офтобиро самаранок истифода намуда, дар боғҳои куҳна ҷойи дарахтони хушкшуда, дар ду тарафи роҳҳо ва диагр ҷойҳои мувофиқ  дарахтони навъҳои гуногунро шинонида истодаанд, ки оянда а самараи онҳо ҳама роҳгузару аҳли деҳа ком ширин менамоянд.