ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АЗ ГУФТАНИ ҲАҚИҚАТИ ҲОЛ ОИДИ ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МЕТАРСАНД

Ховалинг: Вокуниш  

Душманони давлату миллат – аъзоёни ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом, ки дар хориҷ аз мамлакат  бо фиребу найранг паноҳ мебаранд, ҳамеша   дар пайи ноором намудани ҳаёти осоиштаи мардуми кишваранд. Онҳо бо барноимаҳои сохтаю бофтаашон кӯшиш менамоянд, ки норозигии мардумро нисбати давлату роҳбарияти Ҳукумат ба вуҷуд биоранд. Ҳусни таваҷҷуҳи онҳо бештар ба баъзе душвориҳои зиндагӣ, ки дар натиҷаи буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст,  ба муҳоҷирони меҳнатӣ  ва ҷавонони дуруст таълимнодида ва ноогоҳ аз макру ҳиллаи онҳо равона карда шудааст. Онҳо мекӯшанд, ки маҳз аз ҳамин душвориҳои садди роҳ промлема ба вуҷуд биоранд  ва аз ҳамин  табақаи аҳолӣ   тарафдорони худро биёбанд. Дар байни ҷавонони мо ҳастан шахсони ноогоҳ ва зудбовар, ки ба суханони пур аз макру ҳияли онҳо дода мешавад ва ҳаёти худро доғдор менамояд.

  Хушбахтона, имрӯз аксари кӯли мардуми мо на онҳоеанд, ки чун солҳои нобасони  навадуми асри гузашта ба сафсатафурӯшии онҳо боваркунанд. Имрӯз мардуми мо дарк кардаанд, ки  муҳоҷирати меҳнатӣ талаботи замон аст ва он дар тамоми давлатҳои дунё ба назар мерасад. Натанҳо тоҷикон, балки тамоми миллату халқиятҳо, русҳо, хитоиҳо, қазоқу ӯзбек вадигару дигарҳо   дар хориҷ аз кишвар  рафта кор мекунанд ва барои зиндагии худу фарзандон маблағ пайдо пайдо менамоянд ва аз рӯи  ин масъала касе ба ғаийр аз азонёни ҲНИ  дар бвйни мардум иғво намеандозад.  Дар ин шароити рӯз камдавлате ёфт мешавад, ки мардумаш пурра ба қувваи барқ таъмин бошад. Ин ҳолатро касе барои иғвоандозӣ ба ғайр аз аъзоёни ҲНИ истифода намекунанд.  “Панҷ панҷаро якбора ба даҳон андохта намешавад” мегӯянд. Дар давлате, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва тамоми дороиашро ғорат намудаанд, зиндагӣ бе душворӣ бе каму кост намешавад? Инро мардуми  мо хуб медонанд.   Инро ҳам хуб медонанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёднамуд ва дар як муддати кӯтоҳи таърихии даврони Истиқлолияти давлатӣонро ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил дод.Дар ин давра ҳадафҳои асосии давлат: таъмини амнияти озуқавории мардуми кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат,  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд.   Бо амалӣ гардидани ҳадафҳои асосӣ дар Тоҷикистон ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам оварда мешавад.  Бо ҳамин далелҳо гуфтан мумкин аст, ки душманони давлату миллат бо мақсадҳои зишти худ намерасанд. Сухани иғвоангезонаи онҳо ба гӯши аҳолии кишвар дигар асаре надорад. Зеро онҳо боре аз муваффақиятҳои ба дастомада, аз корҳои созандагию бунёдкорие, ки дар тамоми шаҳру ноҳия ва деҳоти ҷумҳурӣ пайваста давом дорад, даҳон намекушоянд  Ин дастовардҳоро чашми дидан надоран, зеро каҷрафтору каҷгуфторанд.

Бобоҷон Зоиров - сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.