Ҳамаи бадғаразиҳо ва нооромиҳо аз фаъолияти нопоки саркардагони ТЭТ ҲНИТ сарчашма мегиранд

Ховалинг: Вокуниш  

Саркардагону роҳбарони ҲНИТ аз рӯзи аввали фаъолияташон нияти нопок доштанд ва бо ҳадафу мақсадҳои бадғаразонаашон мунтазам пайи ноором сохтани ҷомеа буданд. Имрӯзҳо ҳар як амали террористиву хиёнаткоронае, ки дар дигар давлатҳо ва ё дар кишвари мо сар мезанад, сарчашмааш ҳамин аъзоёни ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

Вақте, ки оинаи нилгунро тамошо карда, аз шабакаи телевизионии ҷаҳоннамо хабарҳо аз хориҷи кишварро тамошо мекунем ва таркишу куштор, қатлу ғорат, оташзаниву гаравгонгириро дар кишварҳои ҷангзада мебинем, пеши чашмонамон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта меояд.

Тоҷикистони биҳиштосои мо дар солҳои аввали соҳибистиқлол гардиданаш, яъне солҳои навадуми асри гузашта дучори чунин фоҷиаву хунрезиҳо гардида буд. Ин нобасомониҳо, ва хунрезиҳо ки дар кишвари мо харобиҳо овард, падарро бо писар, бародарро бо бародар низоъ андохта, духтарро бадбини модар гардонида буд. Чи гуна, ки болотар ёдовар шуда будем ҳамаи ин бадғаразиҳо аз фаъолияти нопоки саркардагони ТЭТ ҲНИТ сарчашма мегиранд.

Дар он солҳо мардуми шарифи тоҷик фирефтаи найрангу дасисаҳои онҳо гардиданд ва дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он давра он қадар боло гирифт, ки ҳатто падар ба ҷони фарзанд қасд дошт. Гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Азоби гуруснагӣ, нооромӣ, беҳуқуқӣ, ноадолатӣ ва ғайраҳо дар кишвар ҳукмфармо буд, аммо пеши чашмони саркардагон, роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар он давра он қадар равған гирифта буд, ки ҳама ин нобасомониҳоро гуё намедиданд ва мунтазам фаъолияташон ноором сохтани ҷомеа буд.

Сабаб он буд, ки онҳо бояд супориши хоҷагони хориҷиашонро иҷро менамуданд. Барои онҳо аз даст рафтани Ватан, пароканда шудани як миллати соҳибтамаддун ҳеҷ буд. Аз барҳам хурдани миллати тоҷик боке надоштанд. Танҳо манфиати якрӯзаи худро фикр мекарданду халос.

Имрӯз низ вазифаи онҳо ҳамон аст. Бо супориши хоҷагон мунтазам пайи фиреб додани ҷавонон ва гумроҳ сохтани онҳо, ноором сохтани ҷомеа, аз байн бурдани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва паст гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошанд.

Аз ин амали нанговару шармовар ва хиёнаткоронаи чунин гурӯҳҳо нафрат дорем ва ҳар як амали ифротгарона ва ғаразноки чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва хоинро маҳкум менамоем.

Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг пайваста кушиш менамояд, то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, муқобили чунин гурӯҳҳо муборизаи беамон барад ва нагузорад, ки чунин нохалафон сулҳу оромии бо ҳазор ҷонбозиҳо ба даст овардаамонро  аз байн баранд.

Пайваста дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, деҳаву маҳаллаҳо зимни ҳар як вохӯрӣ аз ҷавонон таъкид бар амал меорем, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳои иғвогару ғаразпеша нагардида, атрофи Пешвои муаззами миллатамон сарҷамъ бошанд ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Аз дигар масъулин низ даъват ба амал меорем, ки нисбат ба ҷавонон бетарафӣ зоҳир накарда, пайваста онҳоро дар руҳияи худгоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Зеро ҳифзу нигоҳдории якпорчагии Ватан, амну осоиштагӣ, сулҳу субот вазифаи ҳар яки мо соҳибватанон аст.

Фарҳод Давлатов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.