Ба ҳар роҳ усул бояд нисбати терроризму экстремизм мубориза барем

Ховалинг: Вокуниш  

Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Чӣ тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад ва мақсадашон аз он иборат аст, ки дар ин ё он давлат нооромиро ба вуҷуд биоранд, мардумро ба шӯр андозанд ва онҳоро аз Ватан беватан кунанд. Ин вабои аср кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои чунин гурӯҳҳо эмин бошад. Тоҷикистони биҳиштосои мо низ аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд. Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаст,. Яъне, террорист  Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Вақте, ки  мо калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз чунин амалҳои мудҳиш манфиатдор мебошанд.

Боиси таассуф ва нигаронист, ки то имрӯз ҳастанд одамони ноогоҳ, ки чунин амалҳои террористӣ ва экстремистӣ анҷомдодаро кори ҳақ ва раво медонанд. Гумон мекунанд, ки дар ислом анҷоми чунин амалҳои қатлу куштор ва харобкорӣ раво аст.

Имрӯз вазифаи ҳар яки мо омӯзгорон, тарбиятди ҳандагон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа  аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд.

Дар мактаб дарсҳои тарбиявию сиёсиро бештар ба роҳ монда, нисбати ин мавзӯ ба насли наврас пурратар фаҳмонем, ки онҳо чӣ мақсаду ҳадаф доранд. Ҳатто аз аёниятҳову наворҳо истифода бояд барем, то насли наврас пурра ба фаъолияти гуруҳҳои террористиву экстремистӣ шинос гардида, нисбаташон нафрат пайдо намоянд.

Ғайр аз ин дар маҳаллаҳо низ суҳбату вохуриҳоро бештар бояд ба роҳ монд, зеро аксарияти нафароне, ки шомили чунин гуруҳхо мегарданд, ҷавонони бекор ва кучагард, ҳамзамон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки фирефтаи шиорҳои дуруғини террористон мегарданд.

Аз ин рӯ нисбати фаъолияти террористону экстремистон ба ҳар роҳу усул мубориза бояд бурд.

Сайидаслам Саидов, директори муассисаи таҳсилоти ибтидоии №50, аъзои ҲХДТ.