Терроризм хатари бузургтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ховалинг: Вокуниш  

Имрӯзҳо дар гӯшаву канори давлатҳои ҷаҳон миллионҳо нафар одамон гирифтори тарсу ҳарос ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Сабаби ҳама ин тарсу ҳаросҳо фаъолияти гуруҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Ин падидаҳои номатлуб хатари бузург дошта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати сиёсиву маънавиро доро мебошанд. Зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи омилҳои харобкоронаи террористон қарор гирифтанд, ки ҳазорҳо нафар аҳолии осоиштаро ба ҳалокат расонида, кӯдаконро ятиму бесарпаноҳ сохтаанд ва миллионҳо нафарҳои дигар аз манзилҳои зисташон маҳрум монданд. Пӯшида нест, ки имрӯз давлатҳои исломӣ ба хотири манфиатҳои минтақавии хеш байни ҳам муноқиша карда, худашон ба девори маҳками ислом рахна мезананд ва абарқудратҳо аз ин ҷудоиву мухолифати байниҳамдигарии мусалмонон сӯйистифода мекунанд. Имрӯз баъзе аз кишварҳо ба хотири ҳадафҳои геополитикиашон ба таври ошкоро ва ё пинҳонӣ ташкилоту созмонҳои террористиро ҷонибдорӣ менамоянд. Даъватгарони ин гурӯҳҳои террористӣ асосан тавассути воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои мухталифи иғвобарангез ҷавононро он гуна мағзшӯӣ мекунанд, ки дар андак муддат онҳо тобеъи ақидаҳои ғалат гардида, онҳоеро, ки муқобили фикрашон қарор доранд ба куфр муттаҳам месозанд. Баъди такфир намуданашон рехтани хуни ноҳақи мусалмонон, сузондани хонаҳои онҳо, ғулом кардану ба тороҷ бурдани молу амволи онҳоро дуруст мешуморанд.

Ҷавонон тавассути се омил ба ин гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд. Аввал равонӣ, дуюм идеологӣ, савум сиёсӣ.

Дар Тоҷикистон тавассути омили равонӣ зиёдтар ба ин гурӯҳҳо мепайванданд. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  вазифадор аст, ки нисбат ба фаъолияту ҳаракати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ муборизаи беамон баранд. Ҳар яки моро зарур аст, ки миёни ёру дӯстон, хешу ақрабо ва тамоми ҳамватанон суҳбату вохӯрӣ гузаронида, онҳоро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва фаъолияти ғаразноки хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон донанд, ки дини мубини ислом барои васл кардани Худову банда аст на барои ҷудо кардан. Сулҳу ваҳдати миллӣ ба арзонӣ ва осонӣ ба даст наомадаст. Аз ин рӯ мо ҷавонон бояд тамоми кушишу ғайрати худро ба харҷ диҳем то ин ки ин сулҳу ваҳдати бо ҳазорон ҷонбозиҳо ва рехтани хуни чандин ҷавонмардон ба даст овардаамон ҷовидон ва пойдор монда, ба наслҳои оянда онро мерос гузорем.

Меҳроби Ҷаъмахон - омӯзгори мактаби санъати бачагона, ба номи Ф Тешаев, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»