Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд

Ховалинг: Вокуниш  

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Ин вабои аср дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Боиси сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки   имрӯз кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасои оби ошомиданӣ ва мубориза бар зиди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла тероризм ва экстремизм шинохта шудааст.

Ҳамзамон Пешвои миллати мо пайваста таъкид бар амал меоранд, ки: «терорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Аз ин ӯ мо бояд дарк намоем, ки надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир боис мегардад ки ҷавонон ба осонӣ ба доми чунин ифротиён афтода ба механизми иҷрои дастурҳои онҳо табдил меёбанд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад,  ин зуҳӯрот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Мо насли калонсол ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар намуда, ҷавононро дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем ва тавассути суҳбату суханрониҳо бояд ҷавонон дарк намоянд, ки экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Бояд ҷавонон донанд, ки экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.

Дар ин ҳолат мо метавонем муборизаро зидди гуруҳҳои тундраву ифротгаро, экстремистию террористӣ пурзур намоем.

Фарҳод Давлатов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.