СУЛҲ НЕЪМАТИ БУЗУРГ АСТ

Ҷайҳун: Андеша  

Имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистони, Украинаву Аврупро дида, пеши назар он рӯзҳои парокандагиву парешониҳои миллати барӯмандам пеши назар меояд. Ҷанг ба мо чӣ дод? Як кишвари валангор, хонаҳои ба коми оташ фурӯ рафта, мардуми сарсону саргардон, заминҳои аз кишту кор мондаву модарони аз ғами фарзандҳо дилреш,  гурезаҳои беватану гуристонҳои ғарибон, қалбҳои пур аз ғаму тарсу ҳарос. 

Пас, чаро имрӯз дар ҳама ҷабҳаҳо ҳомии Ватан аз хавфу хатарҳои беруна набошем. Чаро имрӯз мағзҳои ҷавонони худогоҳу худшиноси сарзамини азизамонро бояд бегонагон идора намоянд? Охир то имрӯз хонадонеро пайдо карда наметавонем, ки бобову бобокалонҳояшон маҷруҳи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ набошанд. Зеро ки дар ин ҷанги ҷаҳонӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар тоҷику тоҷикистониён қурбон гаштаву доғи фарзандҳо дар синаҳои пуралами модарони тоҷик, ки дар ҳасрати дидори фарзанде, ки аз ҷанг хатти сиёҳаш омадааст, пурамону дар ҳасрати дидори фарзанди гумномаш ба хоки тира рафтаанд.

Солҳои 90-уми асри гузашта низ барои ин милати барӯманду арҷманд, тақдир соз буд. Дар ҷанги тарҳрезӣ намудаи душманони сарзамин ва миллати тоҷик зиёда аз 150 ҳазор нафар фавтида, беш аз 80 ҳазор тифлон ятим монд. Ҳамчунин, зиёда аз 1 миллион нафар ҳамватанони азизамон дар хориҷ аз кишвар ранҷу азоби ғарибӣ кашидаанд. Ҳисороти ба сари ин сарзамину мардумаш омада беохир буд.

Имрӯзҳо, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагони дорем бояд дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат миллату давлати худро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Сомонзода Д. - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун