ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун:  

Бо мақсади идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамзамон огаҳӣ аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҷалби бекорон барои кор дар иншооти бузурги аср НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида шудаистодааст.

Зимни мулоқотҳо бараъло мушоҳида мегардад, ки ҳар як сокини ноҳияи Ҷайҳун, хусусан деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, дар таъмини оилаи худ ва ҷомеа бо маҳсулотҳои ниёзи рӯзгор саҳми хешро мегузоранд.