ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тақвият бахшидани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону калонсон, тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27-уми апрели соли равон дар муассисаи таълимии №26-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки роҳбарияти муассиса, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида шуд.

Дар ин соати сиёсӣ маърузачиён доир ба мавзӯҳои  “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо баҳри фардои дурахшон”, “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ” ва “Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон”  ба хонандагон дарс гузаштанд.