РАФТИ БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №18

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону калонсон, дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо ҳар рӯзҳои шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Ин навбат, санаи 27-уми апрели соли равон дар муассисаи таълимии №18-и Ҷамоати деҳоти Яккадин бо иштироки роҳбарияти муассиса, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимии номбурда “Соати сиёсӣ” доир ба мавзӯҳои “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо баҳри фардои дурахшон”, “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ” ва “Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон”  баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории ин амалиёт ҳар як маърузачӣ вобаста ба мавзуҳои болозикр ба хонандагон маълумотҳои зарурӣ ва муфид расониданд.