"СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №6

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми январи соли равон дар муассисаи таълимии №6-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимӣ  “Соати сиёсӣ” доир ба мавзӯҳои  “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ” ва “Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон”  баргузор карда шуд.

Дар ин амалиёт ҳар як баромадкунанда вобаста ба мавзуҳои болозикр ба хонандагон маълумотҳои зарурӣ ва муфид расониданд.