ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ХОҲАД ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун заминҳои обиро самаранок истифода бурда, дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва поён фаровардани нарх дар бозорҳои ноҳия ва берун аз он саҳми худро мегузоранд.

Аз он ҷумла, сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлол, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ намуда, заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода бурда, аз ҳар як қитъаи он ҳосили хуб ва дилхоҳ ба даст меоранд. Хусусан заҳматкашони деҳаи Суғдиёни Ҷамоати мазкур асосан ба кишти пиёзи барвақтӣ машғул буда, тавре мушоҳида мегардад пиёз дар ин минтақа нашъу намои хуб дорад ва дар назар аст рӯзҳои наздик ба ҷамъоварии он шуруъ хоҳанд намуд. Дар мавриди ҷамъоварии он итминони комил аст сокинони кишвар бо маҳсулоти барвақтии пиёз таъмин ва нархи ин маҳсулоти ниёзи аввали рузгори мардум низ дар бозорҳо дастрас хоҳад гардид