РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ МИЁНИ ТОЛИБИЛМОН

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ воқеан воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони муосир бисёр муфид аст.

Бо ин мақсад, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонон ва оммавӣ гардонии намуди бозиҳои варзишӣ, имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол ва гуштини миллӣ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.