МУБОРИЗА БАРЗИДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – АСОСИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Ҷайҳун: Вокуниш  

Терорризм ва экстремизм - дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аммо ҳастанд гурӯҳҳо ва ашхосе, ки намехоҳанд, кишвари мо ободу шукуфон гардад ва пешрафтҳои назаррас дошта бошад. Дар чунин як шароити бӯҳронӣ бояд мо якдилу якҷон гашта, хоку марзи кишвар ва соҳибистиқлолии Ватанамонро дифоъ намоем. Вагарна як нооромӣ метавонад, боиси пора-пора гаштани кишвар гардад. Душманони миллат аз кӯчактарин омилҳо истифода мебаранд, то Тоҷикистонро аз нав ба гирдоби ҳодисаҳои нохуш ва қафомондагию сарафкандагӣ биафкананд. Аммо мардуми шарифи тоҷик аз он ҳама рӯзҳои сиёҳ ва нангини миллат сабақи азим бардошта, ҳеҷ гоҳ даст ба амалҳои ношоиста намезананд, шукри Ваҳдату якдилӣ ва якмаромӣ карда, софдилона баҳри осоишу ободии Тоҷикистон хидмат менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Имрӯз вазъияти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муборизаи оштинопазир баранд, на бо ҷинояткорони махсусан хавфноке, ки гуноҳашон исбот гардида, ба мақсади сар тофтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои мухталиф паноҳ бурдаанду паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд.

Бояд таъкид сохт, ки паноҳгоҳи сиёсӣ ба шахсоне дода мешавад, ки дар давлати худ зери фишор қарор доранд, на ба шахсоне, ки то содир намудани ҷиноят дар давлати худ озодона фаъолият намуда, баъди исботи гуноҳашон дар амалҳои террористӣ фирор кардаанд.

Алҳол дар Тоҷикистон мардуми кишвар дар вазъияти сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилӣ хеле гарон сохтанд.

Баъди Иди Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад. Ин ид бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии роҳбари хирадманду оқили он фароҳам оварда шуд.

Ин ҳама моро водор месозад, ки чун фарзандони баору номус Ваҳдату Истиқлоли кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри пешрафту ободии Ватан доимо омода ва саҳмгузор бошем!

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун