ХУШУНАТ ДАР ОИЛА ШАҲОДАТИ НОСОЛИМИИ ОН.

Ҷайҳун: Андеша  

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", ки аз соли 2023 ин ҷониб мавриди амал қарор дорад, ҳадаф ва мақсади қонуни мазкур ин ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ошкор ва бартарафсозии ҳолатҳои хушунатбори оила мебошад. Пешгирӣ нисбати хушунату зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат қарор дорад. Зимни баргузории сӯҳбату вохӯриҳо масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонон, аз қабили худкушию худсӯзӣ ба ҷони худ, пошхурии оилаҳои ҷавон, хушунату зӯроварӣ дар оила, монеаи таҳсили фарзандон аз тарафи баъзе падарону модарон ва дигар амалҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оила имрӯзҳо ба шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Аз ҷумла бештари ҳолатҳои хушунатбори оилавӣ ин таҳдиду зӯроварии мардон нисбати ҳамсарони худ, хушунати падару бародар нисбати духтарону хоҳарони худ ва дар бисёр маврид хушунат ва бадбинии хушдоман нисбати келинҳои худ мебошад, ки боиси вайроншавии оилаҳо мегардад. Инчунин дигар сабаби вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва ҳаёти мустақилона, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои маънавии хеш, паст будани одобу муошират ва сабру таҳаммулпазирӣ пеша накардан дар зиндагӣ мебошад.

Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зану фарзанд ва аъзои заифи оила ба як қоидаи маъмулӣ табдил ёфтааст, ки бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро нисбати зану фарзанди худ раво мебинанд ва ҳатто дар назди пайвандон ба якдигар суханҳои қабеҳона мегӯянд, ки ин қуллан хато аст ва ин оила аз ҷиҳати маънавӣ оилаи солим набуда, дар оянда низ таъсири бади худро болои фарзанд хоҳад гузошт. Баръакс ин мард вазифадор аст, ки иззуту эҳтиромро дар оила ҷорӣ намояд, ба фарзандон шароитҳои лозимаро муҳайё намуда, оилаи солим бунёд намояд.

Хушунату зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он ки оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад.

ФАРИДА АМРИДИНЗОДА- аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кумиати варзиш” дар ноҳияи Ҷайҳун.