КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун:  

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолони ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо иштироки намояндагони ҳизбии ноҳия бо усули "Хона ба хона” баргузор гардида истодааст.

Аз он ҷумла, имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо сокинони кӯчаи Б. Раҳимзодаи Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баргузор гардида, ба ҳар як оила дастуру супоришҳои Пешвои миллат расонида шуд. Аз он ҷумла зикр гардид, ки бо  шукрона аз фазои амну осоиштаи кишвар дар таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тую маросимҳо, ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ, риояи либоспӯшии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун шаҳрвандони намунаи ибрат фаъол бошанд.