ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Ҷайҳун: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби созанда ва бунёдкор буда, санаи 10 декабри соли равон аз фаъолияти пурсамари он 30-сол пур мешавад. Хушбахтона рӯз то рӯз аъзо ва ҷонибдорони он афзоиш ёфта, дар анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру савоб саҳми хешро мерасонанд. ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ  ва умуман дар таъмини зиндагии шоиста барои ҳалқ нақши  хеле калон гузоштааст.

Баъд аз Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули муқадасоти давлатӣ ҳамзамон ҲХДТ яъне санаи 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар баробари он дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ тааъсис ёфт, ки кӯшиши асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ намуданд, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гашта бошад. Маҳз ҳамин буд, ки аз ҳамон рӯзи таъсис бо мардум буд, имрӯз ҳаст ва оянда низ хоҳад монд.

Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тӯли фаъолияти 30-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилотҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Аз рӯи таърихи гузашта нигарем, масъулияти ба зимма гирифтаи ҲХДТ хеле бузургу гарон буд, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи басо сарнавиштсоз тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, таҳти роҳбарии Сарвари худ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ворис ва пуштибони тоҷикону тоҷикистониён гардидааст.

Аз ин лиҳоз, мо тоҷикон бо  ифтихор  метавонем гуфт,  ки  дар  раванди  бунёдкориву  созандагиҳои  мамлакати  азизамон  саҳми  ҳизбиёну ҷонибдорони он дар  кишвар басо назаррасу  арзанда  ба ҳисоб меравад ва дарк  менамоем,  ки  барои  бо пурраги  расидан  ба  ҳадафҳои  барномавии  ҲХДТ  ва  дастуру  супоришҳои  Раиси муаззами  он  корҳои  бузурге  дар  оянда хоҳад буд. 

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун