ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар доираи Нақша- чорабиниҳо бахшида 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дохилии ташкилотҳои ибтидоӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар ин росто, имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” дар ноҳияи Ҷайҳун чунин ташабус амалӣ гардида, саҳни беморхонаи марказии ноҳия ва роҳравҳои дохили он мумфарш карда шуд.