ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ҚУМСАНГИР"

Ҷайҳун:  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида имрӯзҳо вохӯрии гурӯҳи корӣ дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия бо аҳли ҷомеа доир ба амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 март баён намуданд, баргузор гардида истодааст.

Ин навбат санаи 18-уми марти соли ҷорӣ ҷиҳати идома бахшидани чунин вохӯриҳо бо иштироки гуруҳи корӣ, аз ҷумла Ширинбеков С. - намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Т., намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо омӯзгорон, фаъолон ва сокинони ҳудуди ҷамоат баргузор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта аз масъулин даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ, нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноблиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромадкунандагон ибрози андеша намуданд.