МОДАР ҲАСТИИ ФАРЗАНД, ОБОДИИ ХОНАДОН ВА ОСОИШИ ҶОМЕА

Ҷайҳун: Андеша  

Модар, чи калимаи муқаддас аст. Модар баҳори пур аз тароват, олиҳаи ҳусн, рушноии манзил, файзу баракати хонавода, фариштаи заминӣ ва билохир шамъест, ки барои рӯшан кардани роҳи зиндагии башарият месузаду дам ба дам об мешавад. Пайроҳаи зиндагии мову шумо аз сари гаҳвораю шири сафед ва аллаи модарон ибтидо мегирад. Сухани модар раҳнамои зиндагии мову шумост ва дуои модар кушоиши рӯзгори оламиён аст. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Меҳру муҳаббати Модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.

Шоир беҳуда нагуфтааст;

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Дар ҳақиқат Модар ягона шахси мунису ғамхор барой мост. Ҳар вақту ҳар соату ҳар дақиқа бояд ба қадри модари худ бирасем. Ҳастии Модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони Модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси дуогу, меҳрабон, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо ва танҳо Модар аст. Барои инсон аз Модар дида шахси азизу муътабар, мунису ғамхор, мушфиқу дилсӯз дигар ҳеҷ кас набуду нест. Дастони ӯ дар тифлиам асо буд. Модар моро ба оғӯши гарми худ кашида, бо меҳрубониҳои бепоёнаш калон гардонид. Акнун мо бояд ӯро асо бошем, то ки қомати ӯ хам нагардад. Модарро чи қадар иззату эҳтиром намоем ҳаётамон ҳамон қадар ширину гуворо мегардад. Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва ҳам тоҷи сар.

Ҳар ки бошад соҳиби ақлу тамиз,

Модарашро доимо дорад азиз.

Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Шоирони адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдони сазовор аст. Зиндаги худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамон бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.

Барои ҳифзу ҳимояи Модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард. Оре оғӯши Модар танҳо ҷанатест, ки дар он оромишро эҳсос хоҳем кард ва ягона нафарест, ки гуноҳи моро мебахшад модар аст. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост.

ФАРИДА АМРИДИНЗОДА- аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кумиати варзиш” дар ноҳияи Ҷайҳун.