БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҷайҳун: Андеша  

Некию накукорӣ, дасти кӯмак дароз намудан ба эҳтиёҷмандон ҳамеша аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллии халқи тоҷик мебошад. Гузашта аз ин, некию эҳсон, ҷавонмардию саховатпешагӣ дар адабиёти классикии мо ҳам мавқеи устувор дорад.

Ҳамаи ғамхориву заҳматҳои Роҳбари давлат барои бозҳам хубтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мову шумо равона гардидааст. На  танҳо дар паёмҳои ин шахси таърихӣ, балки дар ҳамаи суханрониҳои ў масъалаҳои давлати миллӣ, мустақил,  миллати бофарҳанги тоҷик, истиқлолияти комил давлатӣ, сулҳу субот,  осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт дар соҳаи илму техника, маориф, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва аз ҳама муҳим таъмини шароити амну осоишта барои зисту зиндогонии аҳолии кишвар яке аз мавзўҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхории ятимон, бепарасторон, дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва соҳибкорон ба корҳои хайр ва ободонии ҳар як гўшаи кишвари биҳиштосоямон ин хусусияти хоси Роҳбари давлати мо аст. Мо бояд ҷавобан ба ғамхориии Роҳбари кишвари худ аз тоҷику тоҷик будан ифтихор намоем, ҳуввияти миллии худро ҳифз намоем, барои Ватан-Модар пешравӣ ва рушду нумўи он, барои ҳифзи марзу буми он, барои покизаю тоза нигоҳ доштани он хизмати худро ва агар лозим шавад ҷони худро дареғ надорем. Зеро ин макони муқаддас ягона хонаи умеди мо ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон бо номи муқаддаси Тоҷикистон барои мову шумо насиб гардидааст. 

Мо бо дарназардошти вазъияти имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, ки дар заминаи манфиатҳои геополиткӣ дар кишварҳои мухталиф даргириҳои зиёде ба амал омадааст, масъул ҳастем барои пойдороии миллати худ, давлати худ ва аз даст надодани неъматҳои бебаҳои амният, осоиштагӣ, ободкорӣ ва пешравиҳои ин Ватани аҷдодӣ ҷаҳду талош варзем. Мо бояд барои ин тинҷию амонӣ, давлату давлатдорӣ ва сарҷамъии миллати худ аз даргоҳи илоҳӣ шукргузор бошем.

Мо бояд огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми ҳуввияти миллӣ, ки муттаалиқ будани шахсро ба гурўҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи  қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангдошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад. Инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат - ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад.  

Шукрона бояд намуд, ки мову шумо шиносномаи давлати худро дорем. Чунин намуди муносибати дигарон ба мову Шумо нишонаи давлатдорӣ, мустақилият ва дар паноҳи давлат будани ҳар яки моро дар назди дигар қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо нишон медиҳад.

Ба чунин натиҷа, ба чунин мавқеъ расидани миллати тоҷик ва тоҷикстониён маҳз дар заминаи талошҳо, масъалагузориҳо ва банақшагириҳои Роҳбари олии кишвари мо дар барномаҳо давлатии худ, ки тавассути Паёми Президент ҳарсола садо медиҳад, амалӣ гардидаанд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд.

         Масъалаи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо тақрибан дар ҳамаи Паёмҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи масъалаҳои асоситарин ва марказиянд. Аз ин рў вазифадор ҳастем, ки фарзандони худро ба илмомўзӣ, забономўзӣ, азхудкунии техника ва технологияи муосир ҷалб намуда, сатҳи маъарифатнокии онҳоро баланд бардорем. Бо ин роҳ аз худ ба ояндаи миллат фарзанди солеҳ боқӣ гузорем.

        

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун