МОДАР ХУШБАХТИИ ЗИНДАГИСТ

Ҷайҳун: Андеша  

Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми Модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори Модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори Модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:

Оре, Модар мисли замин танҳо ва яктост.

Ба маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, Модар,

Ту монанди замин яктоӣ, Модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми Модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори Модар биҳиштосо макони дигаре нест.

Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони Модар худ биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, Модар…

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ мерасему Модарро фаромуш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем.

Бешубҳа такя дар паҳлӯи Модар, хоб дар зонуи Модар шоҳбайти китоби

хотираҳои зиндагист:

Такя дар паҳлӯи Модарҷон, ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи Модарҷон, ғанимат будааст.

Оре, давлати фазанд Модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи Модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои Модар калиди дари хушбахтии мост:

Сад ҷону дил фидои як мудаои Модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар.

Ҳама олимону шоирон ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.

ФАРИДА АМРИДИНЗОДА- аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кумиати варзиш” дар ноҳияи Ҷайҳун.