ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Ҷайҳун: Андеша  

Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти номатлубест, ки ба вайроншавии шахсият, оила ва ҷомеа оварда расонида, боиси қафомонии миллату давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Яке аз оқибатҳои нохуши зӯроварӣ дар оила вайрон шудани инкишофи рӯҳӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шахс ба ҳисоб меравад, ки ин раванд метавонад ба ояндаи дурахшони миллату давлат таъсири манфӣ расонад, чунки насли носолим, ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонад.

Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо занҳо ва ноболиғон аз ҳама бештар таҳти зӯроварии хонаводагӣ қарор мегиранд, чунки халқамон то ҳоло дар асоси одату анъанаҳои кӯҳнашудаи ғайриисломӣ зиндагонӣ мекунанд, ки аз нигоҳи қонунҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд ин анъанаҳо ҳуқуқу манфиатҳои занҳоро поймол намуда, баробарҳуқуқии занону мардонро вайрон менамоянд.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи худро қабул карда, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон ва кафолати ҳифзи ҳамаи ин ҳуқуқҳоро дар он мустаҳкам намуд. Акнун давлати мо самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи кишварро мустақилона муайян намуда, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар робитаашро бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, ба як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида, чандин санадҳои байналмилалиро тасдиқ намудааст. Тоҷикистон аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлатест, ки Конвенсияҳои байналмилалӣ "Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон" (26.10.1993) ва "Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон" - ро тасдиқ намудааст, ки ин санадҳо кишвари моро уҳдадор месозанд, озодии занҳо, баробарҳуқуқии занону мардонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таъмин намоянд. Халқи моро мебоист дарк кард, ки мо акнун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва дар тарбияи фарзандонамон натанҳо дар назди оилаи худамон, балки дар назди ҷомеа, давлат, миллат ва наслҳои оянда масъулем. Бинобар ин, мо бояд аз анъанаҳое, ки ҳуқуқу озодии инсонро поймол менамоянд, ба шахс рафтори бераҳмона ва ғайриинсониро талаб мекунанд, даст кашида, инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, ба эҳтирому риояи қонунҳои кишвар рӯ оварда, ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандию адолатпарвар талош намоем.

Дар таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 "Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" аз 1 марти соли 2005, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" аз 19.03.2013 ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аҳамияти калон доранд. Мақсад аз қабули санадҳои мазкур таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва солимгардонии генофонди миллӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомотҳои давлатӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳодисаи зараровар ба ҷомеа аз зӯроварӣ дар оила, мебошад.

Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз вониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мегардад ё расонидани дарди ҷисмонӣ ва зарар ба саломатии ӯ ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад;

- зӯроварии ҷисмонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст;

- зӯроварии рӯҳӣ дар оила - таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад;

- зӯроварии шаҳвонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд;

- зӯроварии иқтисодӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад;

Рафтори қасдона - яъне шахс рафтори худро хуб дарк мекунад ва оқибати рафтори худро пешбинӣ намуда, фаро расидани оқибатро (хоса) нахоста, вале дидаву дониста ба амалҳо роҳ дода бошад, ё ба онҳо беэътиноёна муносибат карда бошад. Унсури ҳатмии қасд аз он иборат аст, ки шахс натанҳо ҳолатҳои воқеии кирдори содиркардаи худро, балки ба ҷамъият хавфнок будани онро низ дарк мекунад, яъне гунаҳгор медонад ва мефаҳмад, ки ба кирдоре ки ӯ қодир аст, метавонад ба ҳуқуқ ва озодии инсон зарар расонад.

Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ китоби иттилоотӣ оиди пешгирии зӯроварӣ дар оиларо ҷойгир намудааст, ки дар он тамоми паҳлӯҳои зӯроварии хонаводагӣ зикр шуда, нақши мақомоти корҳои дохилӣ, вазифа ва функсияи онҳо дар пешгирии зӯроварӣ дар оила ҷанбаҳои фарҳанги исломӣ, ки масъалаи муносибатҳои байни зану шавҳар ва зӯроварӣ дар оиларо шарҳ медиҳанд, дарҷ гардидаанд. Ин китоб дар чорчӯбаи Лоиҳаи мусоидат ба баробарии гендерӣ ва пешгирии савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти муаллифии Казаков Владимир - мутахассиси байналмилалӣ (подполковники политсия), ҷонишини сардори Сарраёсати Амнияти Ҷамъиятии ВКД-и Молдова, Алимов Қурбон - мутахассиси миллӣ (полковники мустаъфии милитсия) ва Давлатов Маҳмадалӣ - мутахассиси миллӣ (муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, мутахассиси дипломдор - шарқшинос таҳия шудааст. Аз нуқтаи назари муаллифони ин китоб зӯроварии хонаводагӣ байни аъзоёни оила бо чунин амалҳо зоҳир гардидаметавонад:

Зӯроварии ҷисмонӣ-зарбу латкунӣ, шапалоқ задан, шата задан, мӯйканӣ, сӯзонидан бо дарзмол, бо сигор, бо равғани доғ кардашуда, бо ашё задан, куштор, харошидан, теладиҳӣ то ба дараҷаи худкушӣ расонидан, маҷбур кардан ба исқоти ҳамл, ҷароҳатдор кардан ва ғайра;

Зӯроварии рӯҳӣ- таҳқир кардан, таҳдид намудан, дӯғу пӯписа намудан, маҷбуркунӣ, масхаракунӣ, писхандзанӣ, тарсонидан, гунаҳгор кардан, додзанӣ, пастзанӣ, фишордиҳӣ, нигоҳи кинадор, таъқиби доимӣ, назорати доимӣ, аз муошират бо наздикон маҳрум сохтан, бадрашкӣ ва ғайра.

Зӯроварии иқтисодӣ - назорати қатъӣ бурдан аз болои хароҷоти молию пулӣ, манъи кор кардан, манъи таҳсил ва такмили ихтисос намудан, қасдона нобуд кардани моликият, зарар расонидан ба моликияти шахсӣ ва ғайра.

Зӯроварии шаҳвонӣ - таҷовузи дохили издивоҷ, таҷлвуз ба номус, манъи истифодаи воситаҳои пешгирии ҳамл, азияти ҷинсӣ, ҳама намуди рафтори норавои шаҳвонӣ, маҷбур кардан ба фоҳишагӣ, силакунӣ, зуҳуроти рафтори табиати шаҳвонидошта нисбат ба кӯдакон, ба монанди силакунӣ ва бӯсаю меҳрубониҳои табии шаҳвонидошта, луқмаҳои шаҳвонӣ задан, ҳақоратҳои шаҳвонӣ кардан ва ғайра.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани зӯроварии оилавӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи моддаи 93 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима тайин карда мешавад.

Роҳи ягонаи занҳои тоҷик барои баромадан аз тобеияту вобастагии мардон, ин аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар новобаста аз фикру хоҳиши наздикон мебошад, ки танҳо он вақт онҳо аз тобеият озод шуда, метавонанд, ҳаёти моддии худ ва фарзандонашонро таъмин намоянд, вагар на ҳолати занҳо дар ҷомеаи мо торафт бадтару бадтар хоҳад шуд. Занҳои моро мебоист дарк кард, ки мардҳои тоҷик барои таъмини ҳаёти оилавиашон ба давлати хориҷа мераванд ва бо фарҳанги зиндагию оиладории онҳо шинос шуда, омада онро дар давлати худамон татбиқ мекунанд, ки аз ин ҳолат ба фоидаи занҳо мебошад.

Ба ҳаёти мустақилона тайёр намудани чӣ духтарбача ё чӣ писарбача вазифаи аввалиндараҷаи волидайн аст ва ҳангоми набаромадан аз уҳдаи ин вазифа онҳо бояд духтари аз шавҳар баромадаашонро бо фарзандонаш бедуғу пуписа таъмин намоянд, вале мутаасифона дар ҳаёт падарони мо духтаронашонро бар асари бесавод буданашон дар назди ҷомеа боз таъна мезананд, ки ин бисёр нанговар аст. Бинобар ҳамин, модарони мо бояд камари ҳиммат баста, барои соҳибмаълумот намудани духтаронашон саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд. Падарони мо дар масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон аввал бояд аз ояндаи духтарону модарони худашон фикр кунанд, шояд ин тавр раҳму шафқати онҳо нисбати ояндаи Зан - Модар бедор шавад.

Буриева Дилором - Раиси ташкилоти ибтидоии “Яккадин” дар ноҳияи Ҷайҳун