АРТИШИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ СУБОТИ ҶОМЕА.

Ҷайҳун: Андеша  

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз тамоми хурду бузурги меҳан бо як дили гарм, рӯҳияи болида, ёдоварӣ аз рӯзҳои талху сангини даврони аввали соҳибистиқлолӣ, хизматҳои шоёни абармардони таърихӣ ва ҷонбозиву ҷоннисориҳои мардони шуҷои Ватан баҳри расидан ба ин рӯзҳои амну осоиштагӣ вохӯриву суҳбатҳо, маҳфилу чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил намуда, ҷомеаи шаҳрвандиро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ таҳрик ва ба самти оини инсондӯстиву ватанпарварӣ раҳнамун месозанд.

Ёдовар бояд гашт, ки аз он рӯзҳои сангину фалокатборе,ки сартосари мамлакатамонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фарогир буду таҳдиди ҳастӣ ва нестии давлату миллат дар харитаи сиёсии ҷаҳон бармаъло эҳсос мегардид ва дар заминаи хушку холӣ аз ҷониби Раиси онвақтайнаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт,ки имрӯз 31- сол сипарӣ гардид.

Дар зарфи 31 соли бобарор ва рушди бемайлони хоҷагии халқи мамлакат ва ба зинаи сеюми инкишоф яъне дар ҳоли рушд гом гузоштани соҳаҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолӣ ва устувории Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯ хоҳад буд. Рӯз то рӯз ва марҳила ба марҳила сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гаравидани мардони шуҷои худогоҳу хештаншинос ва ҳушёру зирак қавитару мукаммалтар гардида, ба заминаи нигаҳдошти беолоиши рукнҳои аслии сулҳу Ваҳдат, амну осоиштагӣ, арзишҳою муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи ҳамаҷонибаи соҳибистиқлолии мамлакат мусоидаткунанда хоҳад буд.

Тамоми талошу заҳматҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудию рушд ва ба замони муосир мутобиқ сохтани ниҳодҳои қудратию низомӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ равона гардидааст,ки ин иқдоми олӣ ба шумор рафта гувоҳӣ аз ояндаи дурахшони кишвар ва заминаи боэътимоди рушди бемайлони мамлакат дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Дар як навбат Артиши миллии мо ҷиҳати касб намудани таҷрибаи муборизаи дастаҷамъонаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизми миллӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили умумимиллӣ дар ҳамкорию ҳамоҳагӣ бо дигар давлатҳои аъзои минтақаю ҷаҳон тамрину омӯзишро баргузор намуда истодааст,ки ниҳоятан хуб аст.

Имрӯз мо тоҷикон бо Артиши миллии хеш ифтихор дорему ва бо боварӣ гуфта метавонем,ки он сипари боэътимоди Ватан мебошад.

Муродов Сорбон - Директори муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷайҳун.