ИСТИҚЛОЛ – ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ АҶДОДИ ТОҶИКОН

Ҷайҳун: Андеша  

Имсол мардуми сарбаланд ва соҳибфарҳанги тоҷик дар остонаи бузургтарин ҷашни миллию давлатии худ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ин ҷашн рӯзи амалӣ шудани ормони ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик, рӯзи таъсиси давлати миллии мустақилли мо – Тоҷикистони азиз мебошад. Калимаи “истиқлол” дар забони пеш ба маънои “баланд кардан, афроштан, дорои амри хеш будан” ва дар забони муосири тоҷикӣ маънои “ихтиёр ва озодӣ, иродаи сиёсии ҷамъӣ барои идораи кишвар”-ро доро мебошад.

Агар шаҳрванд диёри худро азизу гиромӣ надорад ва ба он муҳаббат надошта бошад, Истиқлол барои ӯ маънӣ надорад.

Ба даст овардани Истиқлолу ҳифзи он низ аз меҳру муҳаббат ба Ватан оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз, гиромидошти Истиқлол барои тамоми мардуми кишвар шарт ва зарур аст. 

Замони пеш аз ба даст омадани Истиқлол ҳеҷ касе бовар надошт, ки миллати азиятдидаи тоҷик ба чунин рӯзҳои нек мерасад. Вале шукр бояд намуд, ки имрӯзҳо аз он ҳама даҳшату ваҳшат, аз садои гӯшхароши тиру туфанг ва аз он офату бало дигар асаре намонд. Имрӯз ҷои садои гиряи модаронро хандаҳои дилпазири фарзандони мову шумо гирифтаанд. Ҷои вайронаву харобазорҳои кишварро гулгашту хиёбонҳо ва биноҳои зебову дилрабо гирифтанд.

Шоистаи шукргузорист, ки миллати куҳанбунёди мо аз соҳибистиқлолӣ сухан мегӯяд, тақдири худро ба дасти худ месозад.

Бале, касби истиқлоли давлатӣ ва дубора соҳибдавлат шудани ин миллати куҳанбунёд орзӯи ҳазорсолаи ҳар фарди тоҷик ва хоса фарзандони огоҳу бузурги он буд.

Ин ормон ормони Бармакиёну Тоҳириёну Саффориёну Сомониён  буд, ки ғурури миллӣ, забони миллӣ ва давлати миллиро дубора эҳё карданд.

Ин ормон ормони Рӯдакиву Фирдавсӣ буд, ки бо назми ҷаҳонгир истиқлолу ватандориро суруданд ва дар рӯҳи ин миллат дамиданд. 

Ин ормон ормони Абуалии Синову Хоҷа Камоли Хуҷандӣ буд, ки дар оворагиву ғурбат бо нидои “во ғарибӣ, во ғариб!” даргузаштанд.

Ин ормон ормони Темурмалику Восеъ буд, ки истисмору вобатагиро напазируфтанд ва бар зидди ҳукуматҳои аҷнабӣ бархостанд ва бо сари баланд шаҳид гаштанд.

Ин ормон ормони Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемур буд, ки ба хотири барқарории давлати миллии тоҷикон кушта шуданд.

Ин ормон ормони Устод Садриддин Айниву Аллома Бобоҷон Ғафуру Устод Мирзо Турсунзода буд, ки то дами марг миллату давлати милливу истиқлол гуфтанду онро нодида рафтанд...

Бале, ҳамин гуна насл андар насли ин миллат дар роҳи истиқлол шаҳид шуд, дар роҳи ватандорӣ ҷон дод, ба хотири давлати миллӣ қурбонӣ гашт.

Пас насли мо чи қадар хушбахтанд, ки истиқлол, давлати миллӣ ва худсолории давлатии тоҷиконро мебинанд!

Бале, аксари он бузургону қаҳрамонони мо ба ин рӯзи саид нарасиданд, аммо мо расидем!

Пас вазифаи хуниву ҷонии ҳар як тоҷики имрӯз ҳамин аст, ки ба поси хуни рехтаву ҷони супурдаи фарзандони қаҳрамони миллат, ба ёди насл андар насл шаҳидони роҳи истиқлолу озодӣ ин ёдгори азизи рафтагони худ, ин давлати миллиро пос дорем, онро дигар ҳаргиз аз даст насупорем! 

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун