ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ДИЁР ХОҲАД БУД!

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Дар доираи истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳамзамон 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинон бо маром амалӣ гардида истодааст.

Аз он ҷумла, дирӯз дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ, сокинони ҳудуди деҳа ва аъзои фаъоли Созандагони Ватан ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони "Дарахти ман сарсабзии диёр хоҳад буд!" баргузор гардида, зимни баргузории он дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.