ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри сазовор истиқбол аз ҷашни 31 солагии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ҳамзамон дар арафаи истиқбол аз 31-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия миёни ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили футбол, волейбол ва гуштини миллӣ баргузор гардидаистодааст.

Маҳз бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ боис мегарданд, ки майлу рағбати ҷавонон ба ин самт равона гардида,онҳоро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд ва ба ташакули тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоянд.

Бо ин мақсад имрӯз дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Панҷ чунин мусобиқа дар намуди футбол миёни хонандагони муассиса  ва сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷ баргузор гардида, байни ҳам қувваозмои намуданд.