БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри сазовор истиқбол аз ҷашни 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия миёни ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили футбол, волейбол ва гуштини миллӣ баргузор гардидаистодааст. Ин варзишгарон аз ҳисоби ҷавонони деҳот ташкил ёфта, мехоҳанд маҳорати худро дар сатҳи ноҳия ва берун аз он нишон диҳанд.

Маҳз бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ боис мегарданд, ки майлу рағбати ҷавонон ба ин самт равона гардида,онҳоро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд ва ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоянд.

Бо ин мақсад дар майдони варзишии маркази ноҳия чунин мусобиқа дар намуди футбол миёни сокинони Ҷамоати шаҳраки Дӯсти баргузор гардида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.