ВАРЗИШ ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Дар асоси сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили волейбол, футбол ва гуштини миллӣ миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидаистодааст, ки дар он наврасону ҷавонони ҳудуди ноҳия иштироки фаъол нишондода истодаанд.

Ин навбат бо иштироки волейболбозони ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Панҷ чунин мусобиқаи дӯстона доир гардида, баҳри дарёфт ба марҳилаҳои навбатӣ дастаҳо қувваозмоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо ин пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои навӣ варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор гардидаистодаанд.