ИНКИШОФУ СОЛИМИИ БАДАН БО МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва обутоби бадан ҳар субҳи саҳар дар майдони варзишии марказии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки варзишгарон, ҷавонону сокинону Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва толибилмони мактаби варзишии ноҳия машқҳои пагоҳирӯзӣ доир карда мешавад, ки дар он иштирокдорон бо як руҳу илҳоми тоза ҷамъ омада, ба обу тоби бадан ва таъмини тарзи ҳаёти солим машғул мегарданд.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки зери ин матлаб бо ибтикор ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” ва “Кумитаи варзиш” ҳар субҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия пеш аз оғози дарс чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор мегардад. Ҳадаф ин таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш ба сокинон ба ҳисоб рафта, ҳар машқи баргузоргардида дар солимии  ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд.