РАФТИ БАРГУЗОРИ “МАКТАБИ МАН” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми майи соли равон дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бо хатмкардагони солҳои пешин ва аҳли калонсоли ҳудуди муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории ташаббуси мазкур ин ҷалби саховатмандон ва шахсони дорои имкониятҳо барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирӣ дар таъмиру таҷдиди муассисаи таълимӣ арзёбӣ гардида, бо ин восита метавон шароити муассисаи таълимиро дар аз худ намудани илму ҳунар беҳтар гардонид.

Ҳамзамон зимни суҳбат доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша гардид. Дар фарҷом иштирокдорони ин вохӯрӣ аз ҳолат ва шароити имрӯзаи муассиса дидан намуда, интизор меравад, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои мактаб ва атрофи он саҳми хешро хоҳанд гузош.