ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми майи соли равон дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ҷайҳун бо хатмкардагони солҳои 1983-2003 ва сокинони ҳудуди муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони дорои имкониятҳо барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии тамиру таҷдиди муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон зимни суҳбат доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша гардид. Дар фарҷом иштирокдорони ин вохӯрӣ аз ҳолат ва шароити имрӯзаи муассиса дидан намуда, интизор меравад, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои мактаб ва атрофи он саҳми хешро хоҳанд гузош.