РИСОЛАТИ ОИЛА ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТОНАИ ШАҲРВАНДОН

Ҷайҳун: Андеша  

15-уми май дар кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид соли 1993 қабул шудааст. 

     Аз назари илмӣ оила бахши асосии ҷомеа ва издивоҷ ба сифати омили бунёдии он дониста мешавад.

Асоси муносибатҳои оилавиро тарбияи шоистаи фарзандон ташкил медиҳад. Оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаю давлат ва парваришгоҳи аслии насли башар маҳсуб мегардад. Арзишҳои анъанавии оилавӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ агар таъмин нагардад, ҷомеа рӯ ба таназзул мениҳад. Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.”

Таваҷҷуҳ нисбат ба ин масъала дар замони буҳрони оила, ҳатто дар баъзе мавридҳо аз байн рафтани арзишҳои хонаводагӣ бесабаб нест. Дар ин замина, Сарвари давлати мо низ соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуда буданд, ки дар заминаи он садҳо чорабиниҳои муҳим дар ростои ҳифзи арзишҳои миллии оиладорӣ амалӣ карда шуданд.

Масъалаи пошхӯрии оилаҳо яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин донишу маърифати кофӣ надоштани навхонадорон аст. Агар ҷавонон, чи писар ва ё чи духтар маълумоти кофӣ дар бораи ҳикмати зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро агар бо доштани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ агар издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз падару модарон ба духтарони худ иҷозаи гирифтани таҳсили пурра ҳатто дар мактабҳои ибтидоиро намедиҳанд. Агар духтар бесавод бошад, аз ӯ магар фарзанди босавод интизор шудан мумкин аст? Мақоле дар байни мардуми Шарқ роиҷ аст, ки “вақте ки духтарро таълиму тарбия мекунед, шумо беихтиёр ба тарбия ва эъмори ҷомеа даст мезанед”.

Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд. Бинобар ин маҳз тавассути китоб инсон метавонад ба қуллаи мурод, ба баландтарин нуқтаи орзуву андешаҳои худ муваффақ гардад.

Гадоев Асҳобиддин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун