ДУШМАН БА ТАМОМИ КОРҲО ҚОДИР, ВАЛЕ МО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ!

Ҷайҳун: Вокуниш  

Дар шароити кунунӣ баъзан нафарони мухолиф шабакаҳои иҷтимоиро ба як воситаи иғвоангезӣ ва паҳн намудани корҳои хусусияти бадбинӣ дошта истифода мебаранд. Дар баъзан амалҳо кушиш мекунанд, ки шумораи зиёди нафаронро ҷамъ намуда ҳадафҳои бадбинии худро таблиғу ташвиқ намоянд.

Яъне баъзан бадкирдорон бо истифода аз воситаҳои гуногун мехоҳанд ба ҳар як тори асаби шаҳрвандон расанду муносибати онҳоро ба якдигар нохуб созанд. Ин воситаи бадхоҳона ва кинаангезии онҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта барои мо хело шинос буд. Рақибон ҳеҷ вақт аз бадкардаҳои худ шарм надошта, доимо санги маломат ба корҳои ободонию созандагии мо  мезананд. Ҳар як иқдоми наҷибе, ки аз ҷониби мардуми кишвар пиёда мегардад, ҳатман зери танқиди нафароне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд қарор хоҳанд гирифт.

Аз ин лиҳоз мо ҳам мефаҳмем, ки ин зумра мунақидон, ки дар зери супоришҳои хоҷагонашон кору фаъолият мекунанд ҳатман бояд ба коре даст зананд, ки ба ҳаёту зиндагии мо сахт вобастагӣ дошта бошад.

Яқин аст, ки бадбинию иғвоангезӣ мехоҳанд. Чаро маҳз ҳамин рисоларо пайгирӣ кардаанд, барои хонанда маълум аст, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар ноором сохтани вазъи ҷомеаи мо гузоранд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ таъкид менамояд, ки дини мубини ислом ба терроризму экстремизм ягон рабита надошта, дини тарғибу ташвиқгари рафтору кирдори боодобона ва инсондӯстона мебошад. Вале баъзан гурӯҳҳои бадкирдор ва душманони миллати тоҷик мехоҳанд амну суботи сартосариро дар ҷомеаи мо ноором сохта, бо ақидаҳои бардуруғи худ маҳз ба воситаи эътиқоди динии шаҳрвандон дар дилашон ҷой гирифта онҳоро ба амалҳои куштору ғоратгарӣ ва амалҳои номатлуб ҷалб созанд, ки ин боиси таасуф ва нигаронии мо тоҷикон ва умуман сокинони олам гаштааст.

Аз ин лиҳоз моро мебояд дар зери сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи роҳбарияти Олии кишвар қарор гирифта, баҳри пешгирии ин амали номатлуб ва ба ҷомеа хавфнок ҳамеша ҷаҳду талош намоем.

 

Ҳасанзода Тағоймурод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун.