Дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем

Ҳамадонӣ:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади муайян  кардани номинатсияи “Оилаи кишоварзӣ сол” ба фаъолияти хоҷагиҳои фардии деҳқонӣ шинос гардиданд. Зимни шиносои маълум гардид, ки хоҷагии деҳқонии Абдуллоев Неъматулло аз деҳаи Садбарго аз замини дар ихтиёраш буда, оқилонаву самаранок истифода бурда, баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ меҳнат карда истодаанд. Абдуллоев Неъматулло дар 2 га хоҷагии деҳқонӣ ва 0,15 га замини Президентӣ ҷуворимакка, мош ва ҷоруби хонагӣ кишт карда, ҳоло растаниҳои номбаршуда, аллакай ҳосил ба бор оварда истодаанд.