ҶАВОНОН - ОЯНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Ҳамадонӣ: Андеша  

 Оре ҷавонон ки худ нерӯи созанда ҳастанд , ҳама онҳоро ҳамчун ояндаи миллат мешиносанд. Ояндаи ин кишвар, ин меҳан, ин ватан, ин сарзамини биҳиштосо дар дасти ҷавонон аст. Пешвои миллат ба ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода дар яке аз паёмҳои худ онҳоро чунин эътироф кардаанд:”Ҷавонони ҳозира мисли ҷавонони пешина нестанд. Онҳо хеле фаъол зирак ва  доноянд. ”  Маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳавасмандгардонӣ ва боз ҳам бештар кардани сафи илмомӯзон стипендияҳои президентӣ, стипендияҳои раиси шаҳр ва квотаҳо ташкил шудаанд. Бо ин дастгириҳои бевоситаи Қаҳрамони миллатамон мо бояд ҳамеша аз паи донишандӯзию навоварӣ бошем ва ҳамеша бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда ,ватани азизамон Тоҷикистонро пос дорем.Мо нерӯи ояндасозем ва набояд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст  диҳем. Ба ин некиҳо ба некӣ ҷавоб гардонем ва ба ҳизбҳои хурофотӣ ё худ террористию экстремистӣ ҳамроҳ нашавем, нагузорем, ки дигарон низ ба ин роҳҳои каҷ раванд ва онҳоро пешгирӣ кунем.Бештари ин ҳаракатҳо ҷавононро тавассути сомонаҳаи иҷтимоӣ ба худ ҷалб мекунанд . Вазифаи асосии мо ҷавонон ба ин сомонаҳо бовар накардан ва пешгирии шомилшавии баъзе ҷавонони ноогоҳ ба онҳост. Мо бояд ҳамеша ватани худро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намоем ва онро пос дорем. Зеро  ватан ҷоест,ки мо дар он ҷо ба дунё меоем ва ҳамчун модари хеш дуст медорем. Ҷавонони ҳозира хеле зираку доно буда , хоки Ватанро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд. Мо ҷавонон пайравони асили Пешвои миллатем ва эшонро ҳамчун падари  миллати худ дӯст дошта, парчам ,нишон ва номи ватанамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардорем . Мо бояд шукрона аз он кунем ,ки соҳиби чунин сарзамини соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва ягона ҳастем ,шукрона аз он кунем , ки чунин Пешвои муаззами миллати меҳрубону дилсӯз, ғамхору беҳамто ва муқоисанопазир дорем. Мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки:
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем. 

  Ғоибов  Ғолибҷон - донишҷӯи факултети журналистика