ИНСОН БОЯД ШОИСТА ЗИНДАГӢ КУНАД

Ҳамадонӣ: Андеша  

Мардум маъмулан зиндагии бастаеро сипарӣ мекунанд. Дарҳо ва панҷараҳояшонро боз намекунанд. Дар тарсу пинҳон зиндагӣ мекунанд ва ҳамеша аз ношинохтаҳо меҳаросанд.Намегузоранд хуршеду боду борон вориди вуҷудашон бишаванд. Аммо агар ту як шохайи гули сурхро туйи утоқ маҳбус кунӣ ва дари панҷараҳоро бибандӣ то ҳеч боду борон ва нури хуршеде ба он нарсад, наметавонӣ ба бақойи он шохайи гул умедвор бошӣ. Он гул хоҳад мурд.

Ин ҳамон равиши зиндагии мардум аст.

Ба ҷойи зиндагӣ кардан ҷон мекананд!

***

Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷи буд,

Он чи ҷон канд танам умр ҳисобаш кардам.

Фаррухии Яздӣ

***

Чист нақди шӯъла ғайр саъйи хокистар шудан,

Солу моҳи зиндагонӣ муддати ҷонкандан аст.

Бедил

***

Ту баройи ин ки ба ростӣ зиндагӣ кунӣ бояд дар дастраси ҳар он чи ки ҳаст бошӣ. Бояд бозу пазиро бошӣ ва тамоми тарсҳоро дур бирезӣ. Фақат як чиз вуҷуд дорад ки бояд аз он тарсид ва он худи тарс аст.Бо вуҷуди тамоми тарсҳо ҳаракат ба сӯйи ношинохтаҳоро оғоз кун то зиндагиатро бо чизҳойи ҷадиди бисёрӣ ошно шавад ки ҳаргиз аз онҳо огоҳ набудайӣ.Ҳар гоҳ моҷароҳойи зиндагӣ бештар шавад, шуру ҳаяҷони ту ҳам бештар мешавад. Бо оғози ҳаракат ба сӯйи ношинохта бо чунон моҷароҳойи ношинохта рӯ ба рӯ мешавӣ ки:Ба таври табиъӣ огоҳтару бедортару ҳушёртар мешаваӣ, ту дори бар лаббайи теғ роҳ меравӣ, чигуна мумкин аст хоболуд ва манг бошӣ?Бояд муроқиб ва ҳушёр бошӣ, зеро ин кор хатарнок аст. Ва ҳар гоҳ хатаре вуҷуд дошта бошад, ҳуши ту тез мешавад ва ҳар гоҳ ҳуши ту тез бошад сармастӣ авҷ меёбаду ту ҳар лаҳзаро дар ҳаяҷон сипарӣ мекунӣ.

Фақат дар фазойи моҷароҷӯйи аст, ки:

Шуру ҳаяҷон, азму ҷазм, мухотара(риск), ҳушёриву огоҳӣ дар даруни ту шукуфо ва ғунчайи вуҷуди ту табдил ба гул мешавад.

Баройи поён додан ба мусибате, ки ҳазорон сол бар башар ворид омада аст, бояд ибтидо аз худатон оғоз кунед ва масъулияти ҳолати дарунии худро дар ҳар лаҳза, яъне ҳамакнун бипазиред.

Аз худатон бипурсед:

"Оё дар ин лаҳза манфигаройӣ дар ман вуҷуд дорад?"

Баъд ҳушёр шавед ва ба андешаҳо ва эҳсосоти худ таваҷҷуҳ кунед. Муроқиби он андак андӯҳ ба ҳар шакле бошед. Мумкин аст монанди нохушнудӣ, хашм, ранҷидагӣ ва ҳолте монанди инҳо падидор шавад. 

Муроқиби андешаҳое бошед, ки падидор мешаванд то ин андӯҳро тавҷеҳ ё тафсир кунанд ва дар ҳақиқат шумо онро ба вуҷуд меоваред.

Ошу

***

Гар касе шабҳо хурад дуди чароғ,

Гирад аз илму фану ҳикмат суроғ.

Иқбол

Бахтзода Ҷомӣ