ТАЪРИХИ ИНКИШОФИ ИЛМИ ТОҶИК Бахшида ба ҳафтаи илм

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ба ҳамагон маълум аст, ки илм яке аз самтҳои фаъолияти эҷодии инсон ба ҳисоб рафта, таърихи хело қадима дорад. Халқи тоҷик аз қадим мардуми тамаддунофар ва илмдӯст ба ҳисоб мерафтанд. Тибқи сачашмаҳои таърихӣ дар аксар илмҳои дунё саҳми муаҳаққиқ ва донишмандони тоҷик назаррас мебошад ва онҳо дар ҳавзаи тамаддуни Хуросону Мовароуннаҳр нуфузи худро пайдо намуда буданд. Махсусан дар замони сулолаи Сосониён хонаводаи Бармакиён ба густариши илми тиб нақши босазое доштанд, ки дар таърих бо номи “Хонаводаи Оли Бармак” машҳур буд, ки баъдтар аз тарафи хилофати Аббосиён нест карда мешавад.Дар замони Сосониён аз тарафи шоҳ Шопур Академияи машҳур бо номи “Гунди Шопур” таъсис дода шуда буд, ки на танҳо дар Варозруду Хуросон балки дар Ғарб низ шуҳрат пайдо намуда буд. Бо зуҳури хилофати Аббосиён дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон доираи илмию адабии ин сарзамин куллан тағйир ёфт. Новобаста аз мушкилиҳои сиёсии дар замони Аббосиён вуҷуд дошта, ҳамоно доираи ҳавзаи илмию адабӣ дар Мовароуннаҳру Хурсон ташаккул меёфт. Донишмандони тоҷик ба монанди Умари Хаём, Муҳаммад-Ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ. Абубакри Розӣ ва амсоли инҳо маҳз дар ҳамин давра асарҳою кашфиётҳои худро дар илмҳои дақиқ ва тиб анҷом доданд. Махсусан курашакл ва дар меҳвари офтоб тоб хурдани Заминро бори аввал дар дунё Абурайҳони Берунӣ, Абуали ибни Сино исбот намуда буданд. Вале авзои сиёсии Хилофати Абоссиён онҳоро нагузошт, ки дар амал татбиқ намоянд. Бори аввал сифрро дар илми риёзӣ Муҳаммад –ал - Хоразми асос гузоштааст. Маҳз бори аввал қувваи ҷозиба доштани Заминро Умари Хаём гуфта буд, ки имрӯз ин кашфиёт ба номи Исак Нютон мебошад. Умуман аксарият илмҳо ва кашфиётҳо, ки дар дунё имрӯз бо номи олимони Ғарб сабт шудааст, олимони тоҷику форс асос гузоштанд.

Дар баробар илмҳои дақиқ, ҳамчунин донишмандон ва муаррихони тоҷик дар инкишоф ва густариши илмҳои ҷомешиносӣ, махсусан дар илми таърих саҳми худро гузоштанд, ин зумра муаррихон ба монанди Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абубакри Наршахӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ барин шахсиятҳое буданд

Донишмандон ва олимони тоҷик ҳамчунин дар улуми исломӣ низ нақши худро гузоштанд. Ин ҳам бошад Муҳаммад Бухороӣ, Нуъмон ибни Собит (Абуҳанифа), Муҳаммад Ғазолӣ, Унсурмаолии Кайковус ва ғайраҳо буданд, ки сухани пайёмбар - “Аз гаҳвора то ба гур дониш биёмӯз”-ро сармашқи кори худ намуданд.

Дар замони сулолаи Сомониён шохаҳои гуногуни илм ривоҷ ёфта буд. Чунки шоҳони сомонӣ бештар ба донишмандону шоирон такя мекарданд. Дар замони онҳо бузургону шоироне ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон кору зиндагонӣ намуданд.

Дар бораи шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, олими бузурги Ғарб Гёте ҳангоми шиносоӣ бо ашъори Ҳофиз чунин гуфта буд “ Агар ман дар замони Ҳофиз Шерозӣ зиндагӣ мекардам ба ӯ саҷда менамудам”, яъне Гёте дар ин суханаш ишора ба бузурги Ҳофиз Шерозӣ намудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба илм ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Зимни суханрониашон Пешвои муаззами миллат дар суханронияшон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 1-уми сентябри соли 2022 иброз намуда буданд: «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем».

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшад ва имкон медиҳад, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, балки самарабахш гардонидани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хосатан оммависозии илм ва дастовардҳои он низ тақозо карда мешавад.

Маъруф САИДОВ,

корманди раёсати илм ва иноватсияи Академия