БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ М.С.А. ҲАМАДОНӢ 

Ҳамадонӣ:  

     Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ мутобиқи банди 4. 13- и Оинномаи ҲХДТ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Маҳдӣ Орифзода аъзои раёсат, ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз рӯи се масъала баргузор гардид.        

       Рӯзномаи маҷлиси Раёсат аз рӯи се масъала баргузор гардид.

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;

2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; 

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб; Маҷлисро раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Аббос Саймуддинзода кушода оид ба ҷамъбати фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, барои семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда гузориш дод.   

      Вобаста ба се масъалаи рӯзномаи маҷлис аъзои раёсат се нафар маърӯза намуда, фикру андешаҳои худро оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ пешниҳод намуданд. 

       Дар анҷоми маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ - муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Маҳдӣ Орифзода баромад карда, кори ҳизбиёнро вобаста ба пеш бурдани сиёсати идеологӣ дар маҳал, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва доир кардани ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дар давраҳои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.      

       Мавсуф дар фарҷоми суханронӣ фаъол будани ҳизбиёнро оид ба маъракаи муҳими дар пеш истода интихоботи вакилон ҳидоят намуд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ