ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Ҳамадонӣ: Андеша  

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар суханронию таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баён доштанд, масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза алайҳи масъалаҳои ташвишовару хатарноки замони муосир, пешгирии хатарҳои терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин мулоқот оид ба мақому нақши кишвари мо дар мубориза бо ин проблемаи даҳшатнок, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ва ҳамарӯза сабабгори ҳалокати нафарони зиёди бегуноҳ, харобу валангор шудани шаҳрҳои обод ва ташвишу нооромии ҷомеа мегардад, масъалагузорӣ карда шуд.

Тоҷикистон ҳамҷун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ин даҳшат ва амалҳои ғайриинсонӣ, терроризм ва экстремизм солҳост, ки тамоми ҷораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Роҳбарияти олии мамлакат барои оромиву субот, зиндагии шоиста, ҳуқуқу озодиҳои диниву мазҳабии шаҳрвандон имкониятҳои беҳтаринро фароҳам овардааст, ки ҳар як фард бе монеа аз он метавонад, бархурдор бошад. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат чораҳои амалӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи ҷавонон, ки гурӯҳҳои террористӣ бештар ба қуваи онҳо такя карда бо роҳу омилҳои гуногун ба доми худ мекашанд, гузаронида мешавад, то ояндаи онҳо олудаи макру фиреби тундгароён нагардад.

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм- тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ – терроризми динӣ ба ҳисоб меравад, ки амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоб ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Мақсадҳои нопоки терроризму экстремизм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ, бадном кардани дини ислом ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди одамон зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва динииашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилот дучор шудаанд.

Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати ислом эҳтиром мегузоранд. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ки дар заминаи эътиқодоти динӣ амал мекунанд, арзи ҳастӣ намуда, аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро ба бор оварданашон мумкин аст.

Хулосаи матлаб ин аст, ки ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, то зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд, зеро барои мо, дарвоқеъ, касе аз хориҷи кишвар бунёд намекунад ва мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷои Ватан ва бо хишти ҷони хеш чунин давлатро сохтаем аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, алалхусус, ҷавононамон фаҳмонда тавонем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Мо танҳо якдилона метавонем, Ватани азизамонро аз таъсири чунин афкору амалҳои хушунатбору тафриқаангез ҳифз намоем.

Зарангез СОДИҚОВА,

магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”