ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАВАНДИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАВАНДИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯз аз рӯз масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, энергетика, обу иқлим дар сайёраи мо ҷиддь гардида, ба яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ мубаддал шуда истодааст.Ҳануз дар оғози ҳазорсолаи нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда доир ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии сайёра эътибори ҷаҳониёнро ҷиҳати ҳаллу фасли фаврии он аз минбари Созмони Милали Муттаҳид - сохтори бонуфузи ҷаҳонӣ даъват намуда буданд. Дар суханронии мазкур аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда шуд, ки: “Агар мо имрӯз муносибати худро ба захираҳои табиӣ, аз он ҷумла оби тоза дигаргун нанамоем, моро дар оянда фарзандонамон намебахшанд”.Дар даҳсолаи охир аҳолии кураи замин афзуда, масъалаи бо оби тоза ва безараркардашуда таъмин кардани башарият рӯз аз рӯз ҷиддӣ гашта истодааст. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба сифат ва ҳаҷми захираҳои оби нӯшокӣ торафт аёнтар мегардад. Хусусан бо шиддатнок гардидани раванди тағйирёбии иқлим, ҳолатҳои афзоишу ташаккулёбии селҳои харобиовар ва фаъол гардидани таъсироти сел ба агроэкосистема ва муҳити атроф зиёд гардидааст. Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат бори дигар иброз намуданд, ки мо бояд захираҳои обро ҳифз намоем, табиатро аз харобшавӣ нигоҳ дорем, файзу баракати аҷдодиро дучанду сечанд афзун гардонем.

Боиси ёдоварист, ки яке аз аввалин ташаббусҳои фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ин дар арсаи ҷаҳонӣ эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ва қабул шуд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар Сессияи 58-уми Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ пурра ҷавобгӯ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ ҳаматарафа дастгирӣ ёфт.

Дар баробари ин бо ба инобат гирифтани мушкилоти гуногунҷонибаи байни кишварҳо ба мисли тезу тундшавии муносибатҳои давлатҳои дорои дарёҳои сарҳадӣ аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон ташабусси навбатӣ доир ба эълон намудани “Соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид. Боиси ифтихор аст, ки ин навбат низ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби СММ ва кишварҳои аъзои он якдилона дастгирӣ ёфт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 22 марти соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об раванди татбиқи ташаббуси нави беназири глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бо талошҳои пайгирона, иштирок ва суханронии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман оғоз гардид. Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ин мусоидат ба татбиқи рӯзномаи рушди устувор, иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад. Ҳамаи ин ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон нисбати равнақ ва рушд ёфтани ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дигар сабаби ба муҳокимаи оламиён гузоштани масъалаи об аз ҷониби Президенти мамлакат дар он буд, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон аз оби тоза маҳруманд ва роҷеъ ба истифодаи об танҳо дар зарфи 50 соли охир ҷаҳон шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳои гуногуни ҷангиву низоъҳои сатҳи дигар гаштааст.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи обу иқлим эътироф гардидааст, ки ин яке аз саҳифаҳои нав дар таърихи давлатдории соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон ба шумор меравад.

Маҳз бо ҳамаи ин ташаббускорӣ дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пешвои асил дар фарогирӣ ва нақшагузорӣ доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф намудаанд.

Инчунин Пешвои муаззами миллат ҳангоми суханронии худ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Боиси хушнудӣ аст, ки 14 декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ қабул карда шуд. Тибқи ин қатънома аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Мо ифтихорманд, сарбаланд ва шукргузор аз онем, ки чунин сарвар дорем, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, озодӣ ва истиқлолият овард ва халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дода, обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Илова бар ин гуфтан зарур аст, ки маҳз бо ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат доир ба об ва иқлим дар саросари дунё дар самти истифодаи самаранокии захираҳои об дар тавлиди неруи барқароршавандаи гидроэнергетикӣ, соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ такони ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Пешниҳодҳои мазкур хеле саривақтӣ буда, барои таъмин намудани рушди устувори ҳар як кишвар шароити хуб фароҳам меоварад. Ин ташаббусҳо аз он ҷиҳат низ муфид мебошад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлим барои ҳифзи манбаи асосии оби нӯшокӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун марди фозили замон, сиёсатмадори муътабари даврон, поягузори рушду нумуи илму фарҳанги тоҷик, маъруфу шинохта, номдору соҳибмактаб, оқилу навовар, ташаббускори нотакрори риштаи обу иқлим дар замони муосир мебошад. Саҳми Пешвои муаззами миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушду нумуи башарият бениҳоят бузург мебошад.

Итминони комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзуъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

ХОЛБОБОЕВА Г.Қ.,

магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”