ШАНБЕГӢ ДАР АТРОФИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "СОТИМ УЛУҒЗОДА"

Ҳамадонӣ:  

 

       Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби масъулият пайваста паи ободкориҳо ҳастанд.

     Илова бар ин , аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сотим Улуғзода”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳрав ва атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками £.54 и ноҳияро тоза намуда ҷӯйбори обравро аз алафҳои худрӯй озод намуд, ниҳолшинонии дарахтони ороиширо дар амал татбиқ намуданд.

       Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд ва ба мо ваъда доданд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромадан омода ҳастем.

Бахтзода Ҷомӣ