ПАСТТАРИН АМАЛ. ВАҚТЕ БА ЗАН-МОДАР ДАСТ МЕБАРДОРӢ..ВОКУНИШ ДАР ПАСМАНЗАРИ ҲОДИСИ НОХӮШИ АВОХИР.

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Ростӣ, ҳеҷ гуна латукӯби инсонро ба осонӣ қабул карда наметавонам, махсусан агар ДУХТАР, БОНУ, ЗАН, МОДАР аз тарафи МАРДЕ мавриди латукӯб қарор бигирад.

 

Дирӯз дар саҳифаи блогер Диловар Сафаров навори латукӯби духтарчаи тоҷикеро аз тарафи ҳамсинфонаш дар Русияро тамошо кардаму то ҳол ғамгин ҳастам. Ҳини тамошо хаёл кардам, ки духтари маро зада истодаанд. Ин чӣ ваҳшоният аст? Ин чӣ бераҳмист? Ин чӣ миллатгароии хушунатомез аст?

 

Ҳамагӣ 1 сол пешро ба хотир оваред, ки вақте ҷанг миёни Русияву Украина оғоз шуд, русҳои зиёде ба кишварҳои Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон гурехта буданду мардуми мо чи гуна муносибати инсонӣ бо онҳо доштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ русҳои гуреза наворҳо пахш мекарданду ба ТОҶИКОН сипосгузорӣ менамуданд.

 

Воқеан хубӣ тез фаромӯш мешавад. Ба гуфти момаи худораҳматиам "Ин рӯзҳо мегузаранд, аммо ... даридаатон мемонад".

 

Воқеан хеле мутаассирам...

Бахтзода Ҷомӣ