ШАНБЕГӢ ДАР ЗАМНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ФАЙЗОБОД" 

Ҳамадонӣ:  

 Дар замини саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-и деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулло, ки сарварии онро Наимов Дилшод бар дӯш доранд бо ташаббуси он кас дар муассиса пайваста корҳои тозагӣ ва амалҳои ободонӣ сурат мегирад.

       Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо бахшида ҷашни аоафаи Наврӯзӣ ҷаҳонӣ, тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби масъулият пайваста паи ободкориҳо ҳастанд.

     Илова бар ин , аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзобод”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳрав ва атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками £.52 и ноҳияро тоза намуда ҷӯйбори обравро аз алафҳои худрӯй озод намуд, ниҳолшинонии дарахтони ороиширо дар амал татбиқ намуданд.

       Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд ва ба мо ваъда доданд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромадан омода ҳастем. 

 

     Мудири Шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ